Истеҳсол ва истифода

Истеҳсол

Истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосан тавассути неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ карда мешаванд, 17млрд.кВт.соатро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки 95 фоизи неруи барқ дар кишвар тавассути неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла 94 фоизи он дар НБО-ҳои бузург ва миёна истеҳсол мешавад.

Неруи барқи дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсолшаванда хусусияти мавсимӣ дошта, аз сатҳу ҷараёни об дар дарёҳо вобастагӣ дорад. Нишондиҳандаи пасттарини истеҳсоли неруи барқ дар кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистон (аз моҳи октябр то апрел/май), дар ҳоле, ки дар ин мавсим талабот ба нерӯи барқ бениҳоят баланд аст, ба амал меояд. Дар мавсими тобистон, ки талабот ба  неруи барқ нисбатан камтар аст, неруи барқ барзиёд, то ба андозаи 3-7млрд кВт соат истеҳсол мешавад.

 

Истеҳсоли неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

Номгӯй Истеҳсоли н/б (ҳазор.кВт.соат)
Истеҳсоли умумии н/б дар кишвар 18095309
ШСХК «Барки Точик» 15352610
Сангтуда-1 1862473
Сангтуда-2 701341
ҶСК  «Помир энерҷи» 178885
НБО-ҳои хурд 5625

 

Истифода

Маълумоти мавҷуда оид ба истифодаи неруи барқ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар нишон медиҳад, ки истифодабарандагони асосии неруи барқ дар кишвар соҳаҳои хоҷагии манзилии комуналӣ 47%, корхонаҳои бузурги саноатӣ – 41,11% ва соҳаи кишоварзӣ – 16 %  ба шумор мераванд.

Истифодаи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

 

Номгӯй Истифодабарии неруи барқ
млрд. кВт.с %
Истифодаи неруи барқ дар маҷмӯъ

(неруи барқи фоиданок)

13,5 100,00%
Саноат 4,2 31,11%
Кишоварзӣ 2,1 15,56%
Хоҷагии манзилии коммуналӣ 6,3 46,67%
Нақлиёт 0,011 0,08%
Дигар 0,9 6,67%