Айни замон байни Чумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя 13 хати интиқоли барқ (ХИБ) бо ҷараёни гуногун, аз ҷумла ду ХИБ 500кВ, шаш ХИБ 220 кВ, чор ХИБ 110 кВ ва як ХИБ 35 кВ бо иқтидори умумии 4570 МВт мавҷуд аст, ки аз он 3500 МВт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 500 МВт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва 570 МВт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мегузарад.
Аз хатҳои интиқоли барқи болозикр айни замон ХИБ 220 кВ «Сангтуда-1 – Пули Хумри (Афғонистон)» ХИБ 110 кВ «Геран – Кундуз (Афғонистон)», ХИБ 220кВ «Конибодом – Айгултош (Қирғизистон)» ва ХИБ 110 кВ и 35 кВ ба Ҷумҳурии Қирғизистон истифодамешаванд.
Шурӯъ аз моҳи апрели соли 2018 содироти неруи барқ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Регар-Гулча», «Регар-Денав», «Узловая-Сирдаринская ГРЭС-1», «Узловая-Сирдаринская ГРЭС -2» ва хати интиқоли барқи 500кВ «Регар Сурхан» (Х508) амалӣ мешавад. Ҳаҷми умумии неруи барқи интиқолгардида дар мавсими обёрии соли 2018 1млрд. 440млн.кВт соатро ташкил медиҳад.
Истифодаи нопурраи хатҳои интиқоли барқи болозикр бо маҳдуд будани имкониятҳои содироти неруи барқ дар фасли зимистон ва кофӣ намудани неруи барқ дар доҳили кишвар алоқамандӣ дорад.
Барои мисол хати интиқоли барқи 220 кВ«Сангтуда-1 – Пули Хумри (Афғонистон)» дар фасли тобистон зиёда аз 300 МВт неруи барқро интиқол дода, дар фасли зимистон ин нишондиҳанда ба 50 МВт баробар мегардад.
Бо инобати гуфтаи боло, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1,2-1,3 млрд.кВт.соат ва ба Ҷумҳурии Қирғизистон 150-160 млн.кВт.соат неруи барқ интиқол дод. Содироти неруи барқ дар асоси Созишномаи байни ШСХК«Барки Тоҷик» ва ширкатҳои энергетикии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ карда мешавад.
Номгӯй | 2017 (ҳазор.кВт.соат) |
Воридот | 97405 |
Содирот | 1398356 |
Ба Афғонистон | 1312521 |
Ба Қирғизистон | 85835 |