Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар баробари бунёди манбаъҳои нави энергетикӣ, ҳамчунин ба самаранокии энергия эътибори хосса дода мешавад.
Дар ин самт Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул ва ҳамчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расидааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботҳои қонун ва фармони болозикр «Барномаи стандартикунонӣ дар соҳаи энергетика ва самаранокии энергия барои солҳои 2010-2012» қабул карда шуд.
Илова бар ин, дар асоси роҳнамо, муқаррарот ва стандартҳои Иттиҳоди Аврупо, Россия, Украина ва Қазоқистон 8 стандарти махсус дар самти сарфакорона истифода намудани энергия ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия омода гардид.
Саноат: Дар рӯйхати истифодабарандагони неруи барқ дар кишвар ҷои аввалро соҳаи саноат ишғол менамояд, ки тақрибан нисфи неруи барқи фоиданокро истифода менамояд. Ҳамчунин тибқи арзёбиҳо ҳиссаи соҳаи саноат дар сарфаҷӯйӣ ва самаранокии энергия бо истифодаи технологияҳои муосири каммасраф 25-30 фоизро ташкил медиҳад.
Маҷмӯи сӯзишворӣ энергетикӣ: Неругоҳҳои барқи обии мавҷудаи кишвар зиёда аз си сол мавриди истифода қарор дошта, таҷҳизоти электромеханикии онҳо бо иқтидори лоиҳавӣ фаъолият намекунанд. Зиёда аз 50 фоизи таҷҳизот, шабакаҳои тақсимотӣ ва зеристгоҳҳо ба таъмири пурра ниёз доранд. Талафоти неруи барқ дар шабака 14,1 фоизро ташкил медиҳад, ки айни замон ин шумора бояд ба 8-10 фоиз баробар бошад. Ҳамчунин зарурияти беҳтар намудани вазъияти техникии шабакаҳои тақсимкунанда ва интиқолдиҳанда низ ба миён омадааст. Вобаста ба ин, имконияти коҳиш додани талафот дар мавриди интиқол ва тақсимоти неруи барқ 4-6 фоиз арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, шабакаҳои тақсимоти гармӣ низ фарсуда гардида, дар ҳолати ғайриқаноатбахши техникӣ қарор дошта, дар баробари марказҳои барқу гармидиҳӣ бояд таҷдид ва такмил дода шаванд.
Кишоварзӣ: Қисмати аъзами таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ то 90 фоиз фарсуда гардидаанд ва аз ин рӯ истифодаи барзиёди неруи барқ дар ин соҳа ба назар мерасад. Барои истифодаи самараноки неруи барқ дар системаҳои обёрӣ ба пойгоҳҳои обкашӣ пайваст намудани муҳаррикҳои каммасрафи электрикӣ ва ҳисобкунакҳои электрикӣ барои муайян намудани андозаи воқеии неруи барқи истифодашуда зарур дониста мешавад. Инчунин андешидани тадбирҳои бетаъхир барои паст намудани сатҳи талафоти энергия дар ин соҳа роҳандозии амалҳои фоиданок, ҷорӣ намудани низом ва таҷҳизоти муосири ирригатсионии каммасраф, обёрии қатрагӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки барои баланд бардоштани самаранокии сисемаҳои ирригатсионӣ хизмат менамоянд, муҳиму муфид арзёбӣ мегардад.
Истифодаи маишӣ: Бо мақсади истифодаи самараноки неруи барқ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор оид ба манъ намудани истифодаи лампаҳои анъанавӣ ва гузариш ба лампаҳои каммасрафи барқӣ қабул гардида буд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори мазкур дар ҳудуди кишвар чор заводи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ ва нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи барқии корношоямгардида ташкил гардиданд. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ду лаборатория барои озмоиши сифат ва бехатарии лампаҳои сафеди каммасраф бунёд гардид. Бо дарназардошти зиёд гардидани талабот ба анвои гуногуни таҷҳизоту техникаи маишии барқӣ ва бо мақсади истифодаи самараноки дастгоҳҳои барқӣ стандарти умумӣ СТ ҶТ ГОСТ Р51388-2010 «Сарфаҷӯйии энергия. Иттилоотонии истифодабарандагон вобаста ба зарурати каммасраф будани таҷҳизоту техникаи маишӣ ва коммуналӣ. Талаботи умумӣ» таҳия ва қабул гардид. Дар ин росто, омили дигари муҳим дар самти сарфаҷӯйии энергия такмили шабакаҳои гармидиҳии биноҳо ва сохтмони биноҳо бо маҳсулоти нигоҳдорандаи гармӣ ба шумор меравад. Бояд қайд кард, ки озмоиш дар сохтмони бинои чорошёнаи шаҳри Душанбе, ки ба таври муосир оинабандӣ гардида буд, талабот ба неруи барқро дар бино барои гармидиҳӣ 28 фоиз паст намуд, ки таҷрибаи қобили дастгирӣ ҳисобида мешавад.