Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракунии оқилонаи захираҳои оби барномаҳои зерин амалӣ гардида истодаанд:
- Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025.
- Барномаи беҳсозии таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ барои солҳои 2008-2020.
- Барномаи давлатӣ барои солҳои 2012-2020 оид ба азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарорсозии заминҳое, ки аз истифодаи кишоварзӣберун мондаанд.
- Барномаи давлатӣ оид ба корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020.
- Барномаи давлатӣ оид ба беҳсозии заминҳои обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023.
Бо мақсади ноил гардидан ба вазифа ва ҳадафҳои дар доираи Стратегияҳои миллии рушд барои то соли 2030 муайянгардида, барнома ва стратегияҳо, дар муҳлатҳои наздиктарин таҳияи як қатор барномаҳои нав, аз ҷумла Барномаи рушди обёрикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.