Маълумоти умумӣ

Иқтидори бузурги азхуднашуда

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ –бо иқтидори 527 млдр.кВт. соат/солона мебошад. аз ин 95 фоизи иқтидори мавҷуда ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тасдиқгардидаи кишвар аз худ нагардидааст. Дар баробари ин, дар кишвар иқтидори бузурги неруи офтобӣ, шамолӣ ва дигар навъҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия мавҷуд мебошад.

Дурнамои рушд

Талаботи дохилии кишвар ва минтақа ба нерӯи барқ сохтмони неругоҳҳои нав ва таҷдиди иншооти энергетикии мавҷударо тақозо менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои аз лиҳози дастрасӣ ба неруи барқ танқисидошта, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ё кишварҳои неруи барқи арзиши баланддошта, аз лиҳози ҷуғрофӣ наздик аст. Ин омил барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби содирот ва содироти нерӯи барқро муҳайё менамояд.

Фазои мусоиди сармоягузорӣ

Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо барои тавсеа бахшидани ҷалби сармояг ва муҳайё намудани шароити мусоид барои сармоягузорон қабул гардидааст. Дар баробари ин, Консепсияи усулҳои танзими тарифҳо, методология барои ҳисоб намудани тарифҳои барқ кабул гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мушаххас танзимгар дар соҳаи энергетика таҳия гардида истодааст.

Изҳори ҳавасмандӣ

Имтиёзҳо

Бо мақсади ҷалби сармоя ва муҳаё намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ », «Дар бораи имтиёзҳо», «дар бораи шарикии давлат вабахши хусусӣ», «Дар бораи хусусигардонии моликиятидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи шартномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва  «Дар бораи таърихи қарз » қабул гардидаанд.

Ҳамчунин, ҷиҳати таъмин намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ низоми махсуси кафолатӣ барои сармоягузорон ва фаъолияти сармоягузорӣ муайян гардидааст. Реҷаи махсуси барои  сармоягузорони маҳалӣ ва хориҷӣ ягона ташкил гардидааст, ки интиқоли озоди фоида ва дигар намуди даромадро аз фаъолияти сармоягузорӣ қафолат медиҳад.

Қонунгузорӣ, ҳамчунин, системаи имтиёзҳоро дар самти андоз ва гумрук таъмин менамояд.

Барои сармоягузороне, ки дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, махсусан сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ фаъолият менамоянд, имтиёзҳои махсус муайян гардидааст.

Озод гардидан аз андози даромад

  • 2 сол бо ҳаҷми сармоягузориҳо аз 200 то 500 ҳазор долл. ИМА,
  • 3 сол бо ҳаҷми сармоягузориҳо аз 500 ҳазор долл. ИМА то 1 млн.долл.ИМА,
  • 4 сол бо ҳаҷми сармоягузориҳо аз 2 млн. то 5 млн.долл.ИМА
  • 5 сол бо ҳаҷми маблағгузории зиёда аз 5 млн. долл. ИМА

Имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ

  • техника, таҷҳизот ва дигар ҷузъиёт барои неругоҳҳои барқи обӣ
  • воридоти молу маҳсулот барои татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида,
  • озод намудан аз ҳама намуди андозҳо дар муддати идома доштани сохтмон дар ҳудуи кишвар

Ҳолати ҳуқуқии сармоягузор

  • ҳуқуқҳои баробар барои сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ,
  • ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон,
  • ҳуқуқи интиқоли фоида ба хориҷа бо асъори хориҷӣ,
  • ҷойивазкунӣ озоди моликият ва иттилоот

Ҳифзи сармоя

  • Созишнома оид ба тавсеа ва ҳифзи мутақобилаи сармоя бо 36 кишвари хориҷӣ,
  • Низоби мувофиқи ҳуқуқӣ барои сармоягузорон,
  • Созишномаҳои сармоягузорӣ,
  • Созишномаҳо оид ба шарикӣ

Лоиҳаҳои афзалиятнок

Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 муайян гардидааст.

Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар соҳаи энергетика нишондиҳандаҳои асосии зеринро  муайян намудааст, аз қабили 10/10/10/10-500, ки ин маънои (1) баланд бардоштани иқтидорҳои тавлиди нерӯи барқ то 10 Гигаватт, (2) кам кардани талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ дар шабакаҳо то 10 %, (3) афзун намудани содироти нерӯи барқ то 10 млрд.кВт.соат/солона, (4) диверсификатсияи сарчашмаҳои истеҳсолӣ то 10 % ва ба даст овардани зиёда аз 500 млн.кВт.соат/солона аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифодаи технологияҳои самаранокии энергияро дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ин нишондиҳанда ба 527 млрд.кВт.соат/солона баробар мебошад. Наздики 95 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Айни замон, Асосноккунии техникиву иқтисодии пешакӣ барои 6 лоиҳа оид ба сохтмони НБО-и калон ва 16 лоиҳа оид ба сохтмони НБО-и хурд бо таҳлили молиявӣ ва техникӣ омода гардидааст.

Неругоҳҳои барқи обии бузург

  • Сохтмони НБО- Шуроб (850 МВт)
  • Сохтмони НБО-Нуробод- 1 (200 МВт)
  • Сохтмони НБО Нуробод- 2 (160 МВт)
  • Сохтмони НБО Фондарё (135 МВт)
  • Сохтмони НБО Айнӣ(160 МВт)
  • Сохтмони НБО Санобод (200 МВт)

Нерӯгоҳҳои барқи обии хурд

  • Сохтмони НБО- хурд Домбрачӣ (15МВт)
  • Сохтмони НБО-хурд Себзор (11 МВт)
  • Сохтмони НБО-хурд Ҳафткул– 1 (10 МВт)
  • Сохтмони НБО-хурд Ҳафткул–2 (8 МВт)
  • Сохтмони НБО- хурдИскандардарё (6 МВт)
  • Сохтмони НБО-хурд Назармерган (4,7 МВт)
  • Сохтмони НБО-хурд Ёрмазор (2,3 МВт)